Шикастани шишаи мошинҳо ва дуздии ашёҳо аксари сокинони мошиндорро дар шаҳри Душанбе нигарон кардааст.

Сокинони кӯчаи Федина дар маҳаллаи «Автовокзал» дар суҳбат бо «Фараж» аз он изҳори озурдагӣ карданд, ки бори чандум аст, шахсони номаълум шабона шишаҳои мошинҳояшонро шикаста, ашёҳоро медузданд, вале мутаассифона, мақомот дар ошкору ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо саҳлангорӣ мекунанд.

Онҳо мегӯянд, шаби гузашта низ шахсони номаълум шишаҳои чанд мошинро, ки шабона дар назди бинои истиқоматӣ гузошта шуда буданд, шикаста, пулу ашё ва ҳатто ҳуҷҷати хизматиеро низ бо худ бурдаанд.

Умед, сокини ин маҳалла, ки яке аз ҷабрдидаҳост, мегӯяд, шишаи қафои мошинашро шикаста, онро кофтаанд, вале хушбахтона, ягон чизро надуздидаанд, вале аз дохили мошини ҳамсояааш, пул ва ҳуҷҷати хизматияшро дуздидаанд.  Бино ба гуфти Умед, чунин ҳодиса бо мошини ӯ 7 моҳ пеш рух дода буд. Он замон низ шахсони номаълум шишаи мошинашро шикаста буданд, вале ҳайратовараш он аст, ки боз ҳам чизеро надуздида буданд.

Яке аз ҷабрдидаҳо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, соати 6-и субҳ аз ҳодиса огоҳ шуда, ба мақомот хабар додааст. «Баъдан кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, баёноти ҷабрдидаҳоро гирифтанд». Ин дар ҳолест, ки аз қисми навбатдории ШВКД-2-и ноҳияи Сино ба занги телефонии «Фараж» гуфтанд, ки аз рух додани чунин ҳодиса хабар надоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь