150 нафар мусофири 14-уми декабр аз Истанбул ба Душанбе парвозкарда натавонистаанд, ки боғоҷи худро дастрас кунанд. Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines, ки парвозро дар ин хатсайр анҷом додаанд, вазъиятро шарҳ надодаанд. Дар ин бора АИ «АП» хабар интишор кард.
Дар муроҷиатномаи мусофирон гуфта мешавад, ки 150 мусофир боғоҷи худро дастрас кардан натавонистаанд. «Қойидаҳои кашондани боғоҷ ва хизматрасонӣ вайрон карда шуданд ва ҳамаи ин ба назар мисли масхарбозист», – гуфта мешавад дар ин муроҷиатнома.
Гуфта мешавад, ки ин парвоз бо маҳтал шудани 40-45 дақиқа ба Душанбе расидааст. Дар Истанбул ба мусофирон сабаби дер шудани парвозро шарҳ надодаанд ва ҳам хабар надодаанд, ки боғоҷи онҳо ба ҳавопаймо бор карда намешавад.
Бино ба навиштаи «АП» намояндаи ширкат Отабек Ҳамроқулов дар Душанбе ба мусофирон гуфтааст, ки боғоҷро рӯзи шанбеи 16-уми декабр, соати 3:30-и бомдод дастрас кардан метавонанд.
Дар фурудгоҳи Душанбе ба «АП» гуфтаанд, ки ҳавопаймо иқтидори интиқоли ҳамаи боғоҷи мусофиронро надоштааст.