Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз аз ноҳияи Дӯстӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон рафт, то бо мардуми ин ноҳияи аз наздик мулоқот кардаву дар расми ба кор оғоз кардани чанд корхонаву иншоот ширкат кунад.

Роҳбари давлат аввал ба хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” рафта, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуд. Сипас, дар шаҳраки Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳиявиро ифтитоҳ кард ва хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар идомаи сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо бо ятимони кулли ин ноҳия дидорбинӣ карда, бо кӯдакону наврасон суҳбат анҷом дод ва дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок кард.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот ва дар назди онҳо суханронӣ кард.

Президенти кишвар дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь