Раҷабалӣ Юсупов, истиқоматкунандаи кучаи Х. Назаров-1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо даъвои он ки аз тарафи ширкати сохтмонии «Муҳаммад-2009» таҳти роҳбарии Қурбонов Ҳокимҷон, ки дар наздикии манзили зисташ сохтмони бинои  бисёрошёнаро оғоз намудаву ҳангоми иҷро намудани корҳои сохтмонӣ аз он ҷумла кандани таҳкурсии бино, истифодабарии воситаҳои техникии зарбазании таҳкурсии бино лағжиши замин ба амал омада, боиси вайроншавии қитъаи роҳгузар ва девори ҳавлиаш гардидааст, ба мо муроҷиат кард.

Ӯ афзуд ҳамчунин дар натиҷаи чунин амалҳои сохтмонӣ боз деворҳо ва шифти бинои манзили истиқоматии ӯ хароб гардида, ба ҳолати садамавӣ дучор шудаанд, ки айни замон дар дохили он истиқомат кардан хатарнок мебошад.

«Ман чандин маротиба ба роҳбари ҶДММ «Муҳаммад-2009» ва масъулини сохтмони мазкур оид ба ин ҳолат муроҷиат ва аз онҳо хоҳиш кардам, фаъолияти худашонро дуруст ба роҳ монанду бехатарии дигар бошандагони гирду атрофи бинои бунёдкардаашонро таъмин намоянд, вале онҳо ба муроҷиати ман вокунише накарданд. Ман ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҶТ муроҷиат кардам ва мувофиқи хулосаи мутахассис таҳти №21-4401/16 аз 9 декабри соли 2016-ум, арзиши эҳтимолии зарари расонидашудаи манзили истиқоматии маро, барои барқарор намудани он, бо пулии миллӣ 9427,38 сомонӣ арзёбӣ карданд. Ғайр аз ин дар давраи бунёди бинои бисёрошёнаи мазкур, ки муддати қариб се сол давом карда буд, аз тарафи сохтмончиён аз техникаҳои зарбазании мустаҳкамкунии таҳкурсии бино, шабонарӯз реҷаи истироҳатии истиқоматкунандагони гирду атроф ва аз он ҷумла аҳли оилаи мо, ки аз ҳама наздиктар мебошем, вайрон шуда, ҳангоми истифодаи техникаҳо манзили зистамон ба ларза меомад ва аҳли оила, алалхусус кӯдакон дар тарсу ҳарос қарор доштанд, ки ин амали онҳо боиси расонидани зарари маънавӣ низ гардидааст».

Мувофиқи мактуби раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, таҳти №266/1 аз 29.03.2016, санад оид ба дида баромадани ҳолати манзили истиқоматии Раҷабалӣ Юсупов тартиб дода шудааст, истиқомат кардан дар он манзилро ғайриимкон донистааст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 02 апрели соли 2016 сомонаи «Радиои озодӣ» навори видеоро таҳти унвони «Корпартоӣ дар як ширкати сохтмонӣ» нашр карда буд, ки дар он дар бораи корпартоии кормандони ширкати мазкур аз сабаби напардохтани ҳаққи хизмат (маоши кормандон) сухан мерафт.

Аз ин бармеояд, ки ширкати номбурда қонунҳои ҷории  Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, на танҳо Кодекси меҳнати ҶТ-ро нодида мегираду ҳаққи хизмати кормандонашро сари вақт намепардозад, инчунин ҷуброни зиёни расонидаи худро ба шаҳрванд Раҷабалӣ Юсупов пардохт карданӣ нест. Борҳо ба онҳо муроҷиат шудаасту онҳо иҷрои амалро ба баъд мегузоштанд. Чун аз мо роҳбарияти идора иҷрои корро тақозо мекард, мо ҳам онро пайгирӣ кардем, аммо кормандони ширкати мазкур ба ҷои ҳал кардани масъала ба таҳдид гузаштанд.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи талаботи моддаи 15 к.2 Кодекси гражданиии ҶТ «Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайрон гардида масраф намудааст,  ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайрон гардида масраф намояд, аз даст додан ё хароб гардидани молу мулки ӯ (зиён) мебошад…., шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигари ҷуброни фоидаи аз даст рафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд».

Бибиҷон Ашӯрова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь