22-юми май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар кард. Дар ин бора вебгоҳи расмии Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пештар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноиби раисҷумҳури Эрон Муҳаммад Мухбир дар робита ба даргузашти раисҷумҳури Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бизҳори тасалият карда буд.

Муовини раисиҷумҳури Эрон Муҳсин Мансурӣ гуфт, маросими видоъ ва ҷанозаи Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 23-юми май дар Машҳад баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь