Аз 10 то 13-уми октябри соли ҷорӣ раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» С. Икромӣ дар доираи ҷаласаи солонаи Конфронси SIBOS – 2022 SWIFT (системаи байналмилалии байнибонкӣ барои интиқоли иттилоот ва пардохтҳо), ки дар шаҳри Амстердами Нидерландия баргузор гардид, иштирок кард.

Конфронси SIBOS, ин як платформаи беназир ва бонуфузтарини сатҳи байналмиллалӣ буда, ҳамасола аз ҷониби SWIFT гузаронда мешавад, ки иштирок дар чунин чорабинӣ метавонад заминаи мусоидеро ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолияти молиявии Бонк бо бонкҳои бонуфузи кишварҳои Аврупо ва Амрико ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ фароҳам оварад.

Боиси ёдоварист, ки дар Конфронси мазкур тақрибан аз 200 бонкҳои бонуфузи ҷаҳон ва зиёда аз 10 000 иштирокчиён гирдиҳам омада, масоили хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рақамикунонӣ ва баррасии кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳои иштирокчӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин, аз ҷониби раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С. бо роҳбари минтақавии SWIFT Ҳайден Аллан, бо роҳбари минтақавии маблағгузории савдо ва бонкдории транзаксионии Райффайзен Бонк Сабине Зухер, бо ноиби президенти бонки Озар-Турк Орҳан Гадирбай, бо ноиби президенти иҷроияи Нуролбонк Ҷенк Атмаҷа, бо муовини директори генералӣ Машреқбонки Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Дониш Хон ва роҳбари ҳамкориҳои минтақавии Актифбонк Озод Исмоил мулоқот доир карда, масъалаҳои хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рақамикунонӣ ва баррасии кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳо баррасӣ намуданд.

Дар ин ҳошия, бо роҳбарон ва намояндагони дигар бонкҳои бонуфузи ҷаҳон ба монанди Societe Generale bank-и Фаронса, Landesbank Baden-Wurttemberg-и Олмон, Bank of China-и Хитой ва дигар бонкҳо вохӯрӣ ва мулоқоти судманд доир намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь