Ширкатҳои Тоҷикистон дар баробари садҳо ширкати дигар аз саросари ҷаҳон маҳсулоти худро ба Намоишгоҳи байнулмилалии воридотии Чин (China International Import Expo (CIIE) мебаранд. Ин имконияти нодир барои Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷоратии байнулмилалӣ (МТБ) фароҳам омадааст.

Намоишгоҳи байнулмилали воридотии Чин (CIIE), ки аз 5-ум то 10-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Шонҳой баргузор мегардад, ибтикори Ҳукумати Чин дар сатҳи баланд мебошад. Дар он намояндагони ниҳодҳои ҳукуматӣ, ҳамкорони рушд, доираҳои тиҷоратӣ аз 100 кишвари дунё иштирок мекунанд. Дар маҷмӯъ, интизор меравад, ки 150 000 нафар аз Чин, дувумин кишвари истеъмолкунанда ва воридоткунандаи ҷаҳон, ва кишварҳои дигар аз ин намоишгоҳ боздид бикунанд. Аз ин рӯ, намоишгоҳи CIIE барои лидерони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии тоҷик имконияти нодиреро барои шиносоӣ бо бозори чиноӣ ва барқарорсозии тамосҳои тиҷоратӣ бо харидорони чиноӣ фароҳам меорад.

Ҳайъати Тоҷикистон аз корхонаҳои зерини нассоҷӣ ва дӯзандагӣ иборат аст: “Ваҳдат”, “Файзи Истиқлол-2011”, “ХИМА Текстил”, “Лидер”, “Oртекс”, “Раҳимов А.А.”, ва “Спитамен Текстайлз”. Ин ширкатҳо дар Шонҳой маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд, бо харидорони эҳтимолӣ тамос барқарор мекунанд ва ба бозори Чин роҳ меҷӯянд. МТБ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои консалтингии ҳамкор корхонаҳои интихобшударо барои иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ омода карда, онҳоро бо талаботи бозори Чин шинос мекунад. Коршиносони МТБ дар ҷараёни чорабинӣ бо машваратҳои худ омодаи ёрирасонӣ буда, дар омода кардани девораҳои намоишӣ ва гуфтушунидҳои корӣ кӯмак мекунанд.

Дар шарҳи ин ибтикор, Аранча Гонсалез, мудири иҷроияи МТБ, мегӯяд: ‘МТБ аз ҳамкорӣ бо Чин дар роҳандозии нахустин намоишгоҳи CIIE, ки барои тиҷорат, ҳамкорӣ ва муколама дар самти ҷануб-ҷануб имконият фароҳам меорад, ифтихор дорад. Ширкатҳое, ки иштирокашонро дар намоишгоҳ мо дастгирӣ мекунем, имконият меёбанд, то ба бозори Чин роҳ ёбанд. Кишварҳои рӯбарушд аз ин намоишгоҳ бозорҳои нави содиротӣ дармеёбанд ва иқтидори рақобатпазирии худро боло мебаранд.’

Дар ҷамъ, МТБ иштироки 100 ширкати фаъол дар соҳаҳои гуногунро аз 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон, дар ин намоишгоҳ дастгирӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь