Як шикорчӣ дар ноҳияи Нуробод аз беэҳтиётӣ дар кӯхҳои тармапӯш ҷони худро аз даст додааст.

4-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 16:20, марди 32-солаи сокини деҳаи Шодмони ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод барои шикори кабк ба мавзеи Сафедқамари доманакӯҳи деҳаи мазкур рафтааст. Ин шикорчӣ мехостааст, ки аз болои тармаҳои кӯҳсор гузарад, аммо беэҳтиётӣ карда, аз баландии 17-метр ба поён афтодааст.

Мутаассифона шикорчӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь