Дар Тошканд нозирони роҳ мошинҳои гаронарзишро дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат айбдор мекунанд. Чунин мошинҳо ҳабс ва ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда мешаванд. Нозирони роҳи Тошканд мегӯянд, ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ) рейд мегузаронад.

Дар натиҷаи рейдҳое, ки аз 10 октябр шуруъ шуданд, дар шаҳри Тошканд даҳҳо мошини гаронарзиш ҳабс шудаанд. Ҳамаи мошинҳо ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда шудаанд. Ронандаҳо мегӯянд, наметавонанд мошинҳояшонро аз таваққуфгоҳҳо бигиранд.

“Мо асосан ронандаҳои мошинҳои гаронарзишро “шикор” мекунем. Мошинҳоро боздошт карда, ба таваққуфгоҳ мефиристем. Вақтҳои охир дар Тошканд шумори сарватмандоне, ки ба нозирони роҳ итоат намекунанд, зиёд шудааст. Аз ҳамин хотир, бо ҳабс кардани мошинҳояшон, мо мехоҳем, онҳоро ба риоя кардани қоидаҳои роҳ водор кунем”, – гуфтааст як нозири роҳ.

Ӯ афзудааст, миёни ронандаҳои ҷаримашуда мансабдорони ҳукуматӣ низ ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь