Клуби футболиИстиқлол”-и Душанбе дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дар гурӯҳиАба бохт дучор шуд.

Дар даври сеюм душанбегиҳо бо дастаи “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ, ки се маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо шудааст, бозӣ карданд.

Бозӣ бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи чемпиони Арабистони Саудӣ хотима ёфт. Голро дар ҳайати “Истиқлол” ҳимоятгар Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 41-ум зад.

Дар бозии дигари гурӯҳ «Олмалик» (Ӯзбекистон) бар дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (АМА) бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Бо ҳамин якум давраи бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи “А” анҷом ёфт. То 2-юми май бозиҳои ҷавобии дастаҳо баргузор мешавад.

Дар даври чорум дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” дар Риёз бори дигар вомехуранд. Ин бозӣ 25 апрел, соати 00:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». Даври сеюм

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Алӣ Булайҳӣ, 39 (1:0). Ваҳдат Ханонов, 41 (1:1). Ҳаттан Баҳебрӣ, 52 (2:1). Ҳаттан Баҳебрӣ, 64 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Ваҳдат Ханонов, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 68), Шаҳром Сулаймонов (Шарифбек Раҳматов, 88), Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 88).

21 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.

«Олмалиқ» (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 2:1

Ҷ  Дастаҳо В П М Б Т\т И
1 «Ал-Ҳилол» 3 2 1 0 7-3 7
2 «Истиқлол» 3 1 1 1 4-5 4
2 «Олмалиқ» 3 1 1 1 6-6 4
4 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» 3 0 1 2 1-4 1
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь