Доробшоҳ Наботов, размикори тоҷикистонӣ, аввалин шикасти худро аз сар гузаронд ва натавонист вориди UFC шавад.

Доробшоҳ Наботов дар муборизае, ки қарордодаш бо UFC ба он бастагӣ дошт шикаст хӯрд. Ӯ ба Матеус Камило Бразилия бохт.

Набарди байни Наботов (9 – 1) ва Камило (9 – 2) ба унвони бахше аз мусобиқоти ZFN 2 дар Коян (Курёи Ҷанӯбӣ) баргузор шуд. Натиҷаи пирӯзии Матеус бо тасмими якдилонаи доварон буд. Барандаи ин разм метавонад бо UFC қарордод имзо кунад.

Худи раиси UFC Дана Уайт қасд дошт дар ин мусобиқа ширкат кунад, аммо ба далели иттифоқоти сиёсӣ дар он кишвар аз сафар ба Курёи Ҷанубӣ худдорӣ кард.

Наботов охирин бор дар ноябри соли 2023 дар мусобиқоти AMC Fight Nights 122 бо Мурод Билоров мубориза кард. Ин рақобат то охир идома карда, бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Доробшоҳ анҷом ёфт. Доробшоҳ 9 рақобат гузаронида, дар ягонтоаш мағлуб нашуда буд.

Матеус Камило охирин бор дар октябри соли ҷорӣ дар Tuff-N-Uff 139 бо Ҷонаскӣ Соҷо мубориза кард. Ин мубориза низ то охир идома карда, бо қарори якдилонаи доварон ба нафъи Матеус ба поён расид. Матеус 10 рақобат гузаронида, 8 ғалаба ва 2 бохт дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь