Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон тафтиши як парвандаи ҷиноятиро вобаста ба шиканҷа ба итмом расонда, ба суд ирсол кардааст. Шиканҷагарон бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба се корманди милиса, ки дар шиканҷаи як сокини шаҳри Кӯлоб даст доштанд, оғоз гардида буд.

– Бо ҳукми суд се корманди мақомоти ҳифзи хуқуқ барои шиканҷа кардани сокини шаҳри Кӯлоб ба 14, 13 ва 12 соли зиндон маҳкум карда шуданд, – гуфт Раҳмон Юсуф.

Ёдовар мешавем, ки шаби дуюми январи соли равон сокини шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов аз тарафи се корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов боздошт шуда, дар шароити мармуз ба ҳалокат расид.

Суди вилояти Хатлон рӯзи 25-уми июл бо ҳукми худ се корманди ҳамакнун собиқи ВКД-ро барои “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и боздоштшуда, ки ба марги ӯ оварда расонд, гунаҳкор дониста, ба беш аз даҳсолӣ маҳкум кард.

Қаблан ВКД дар сомонааш сабабҳои марги Абдуқаҳҳор Розиқовро шарҳ дода навишта буд, ки “ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь