Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноятии се гумонбар дар шиканҷаи як сокини шаҳри Турсунзодаро ба охир расонида, мутаҳҳамонро дар умум барои 35 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Манбаъ мегӯяд, суд ваколатдори калони оперативии шуъбачаи милитсия дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода Шералӣ Азизов, ваколатдори оперативӣ дар шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар Турсунзода Саъдӣ Давлатмуродзода ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Эраҷ Наимовро дар шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров гунаҳгор дониста, мутаносибан ба муҳлати 13, 12 ва 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба иттилои расмӣ, нисбати Шералӣ Азизов бо моддаҳои 143 (шиканҷа), 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 323 (сохтакории хизматӣ) ва нисбати Эраҷ Наимову Саъдӣ Давлатмуродзода бо моддаи 143-и КҶ ҶТ парванда боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳасан Ёдгоров соли 2017 бо иттиҳоми қатли пешхизмати рус Дмитрий Каримов, дар шаҳри Турсунзода, боздошт шуда буд ва ба гуфтааш, он замон зери шиканҷаи кормандони милиса маҷбур шуд, ки ҷиноятро ба гардан бигирад. Ёдгоров ҳудуди 8 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошт ва танҳо баъди ошкор шудани қотили асосӣ ӯ аз боздошт раҳо шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь