Ҳунарманди маъруфи тоҷик Шералӣ Абдулқайсов пас аз чанд рӯзи беморӣ дунёро тарк кард.

Шералӣ Абдулқайсов моҳи гузашта 70-сола шуд ва ба ин муносибат як маҳфили хоса бо ҳампешагону дӯстони худ баргузор ҳам карда буд.

Sputnik Тоҷикистон аз қавли манобеи худ навишт, ки Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар Бемористони Қарияи Боло бо нишонаҳои бемории ҳамагири коронавирус бистарӣ буд ва ба эҳтимоли зиёд ҳунарманди номӣ маҳз аз ин беморӣ даргузашт. Ӯ Чанд рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт ва ахиран рӯзи 12-уми июл дар бемористон чашм пӯшид.

Шералӣ Абдулқайсов 15-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи № 8 қишлоқи Дерзуд ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко ба факултаи санъат ба шӯъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо мувафақкият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то имрӯз дар сари кори эҷодист

Аз соли 1996 омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, аз соли 2009 вазифаи дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёриро ба ӯҳда дорад. Шогирдонаш дар кумитаи Давлатии телевизион ва радиои ҶТ, театри Лоҳутӣ, Аҳорун кор карда истодаанд. Дар матбуот гоҳ-гоҳ мақолаҳои мубоҳисавӣ — тадқиқотиаш ҷоп мешаванд, аз қабили: «Ба оянда тӯр меандозем», «Чеҳраи боофарин», «Зинаҳои камолот», «Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард», «Талоши ҳастӣ» «Ҷавҳари ранги обӣ» ва ғайра.

Соли 2007 дар ҳамкорӣ бо иттифоқи варзишгарон ва актёрони Тоҷикистон бо кумаки ташкилоти «НОРЕ» ва бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушд, UNTOP, бо нияти мубориза бар зидди бемории сил ва ВИЧ/СПИД аз рӯйи асарҳои Н.Абдухамедов ва А.Қодирова «Будан ё набудан», «Зиндагӣ ҷовидона нест», «Хаёти дубора» намоишҳо таҳия кардааст. Соли 2008 бо кумаки аташе оид ба фарҳанги сафорати Фаронса ва мадади ташкилоти МОМ аз рӯйи асари С.Айюбӣ «Муҳоҷират» ва асари А. Ш. ва А.Фарзона «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст» намоишҳо таҳия кардааст.

Дар муддати 36 сол дар репертуари театр самаранок банд буда, барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хизмати арзишманде кардааст. Дар зиёда аз 16 озмуну фестивалҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ҷоизаҳои фаровоне гирифтааст.

Аз 31 майи соли 1991 ба унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф мегардад. Аз сентябри соли 2007 бо фармони Президенти Тоҷикистон ба унвони олии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз мегардад.

Аз 21 то 1 майи соли 2006 дар фестивали театрҳои Закавказия дар шаҳри Алан бо намоишномаи «Кабки қафас»-и Тимур Зулфиқоров иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст. Соли 2007 дар фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур аз намоиши номбурда соҳиби ҷоизаи нақши беҳтарини мардона шудааст.

Соли 2005 ба ҳайси саррежиссёр намоиши идонаи 80-солагии ВМБК-ро таҳия карда сазовори унвони «Табааи ифтихории шаҳри Хоруғ» гаштааст. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2007).

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруф Шералӣ Абудулқайсов андуҳгин буда, ин талафотро ба кулли мардуми кишвар ва наздикону пайвандони марҳум таслият мегӯяд. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь