Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бори аввал ба даври финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтааст, бо роҳбарии мутахассис аз Крувосӣ Петар Шегрт таърихсозӣ кард ва дар аввалин ҳузури худ дар ин мусобиқа аз гуруҳ ба даври дигар роҳ ёфт.

Футболбозони тоҷик, ки дар бозии аввал бо Чин мусовӣ (0:0) бозӣ карданд ва  дар бозии дуюми худ аз дастаи Қатар бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрданд, дар бозии сеюм дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Лубнон бояд пирӯз мешуданд, то ба даври ҳаштякниҳоӣ расанд.

Пеш аз бозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми январ дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дидор кард ва ба онҳо орзуи пирӯзӣ хост.

Ин охирин бозии Тоҷикистон дар даври гуруҳӣ буд ва даста бояд дар ин бозӣ пирӯз мешуд, ё ҳадди ақал ба пирӯзии дастаи Қатар бар Чин умед мебасту бо Лубнон мусовии натиҷадор мекард.

Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Давҳа баргузор шуд. Дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода кардан натавонистанд. Дар дақиқаҳои иловагии қисми якум Шервонӣ Мабатшоев аз дастаи Тоҷикистон тавонист, ки гол занад, аммо VAR ин голро аз ҳолати нобозӣ донист.

Дар қисми дуюм лубнониҳо фаъол шуданд ва Бассел Ҷрадӣ, бозигари Лубнон, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро кушод.

Ба Алишер Ҷалилов ҳам муяссар шуд, ки гол занад ва ҳисобро баробар кунад, аммо боз ҳам VAR ин голро ба ҳисоб нагирифт. Сипас, Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар кард. Голи дуюм ва ҳалкунандаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюм, ки довар 16 дақиқа зам кард, аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба самар расонд.

Дар ин бозӣ дар дақиқаи 56-ум сардовар баъди тамошои видео (VAR) ба бозигари Лубнон Қосим Ал-Зейнро, ки ба пойи Алишер Ҷалилов қасдан зад, корти сурх нишон дод.

Бозии дигари даври сеюм дар гуруҳи “А” байни дастаҳои Қатар ва Чин бо пирӯзии қатариҳо бо ҳисоби 1:0 ба охир расид

Ҳамин тавр, футболбозони тоҷик бо 4 имтиёз дар гуруҳи “А” зинаи дуюмро соҳиб шуда, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Тоҷикистон, ки аввалин бор дар Ҷоми Осиё ширкат мекунад, ба ин марҳилаи мусобиқот низ роҳ ёфт.

Дастаи Қатар, ки баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм бо 9 имтиёз дар ҷадвали гуруҳи “А” ҷойи аввалро гирифт, ба плей-офф баромад. Дастаи Чин бо ду имтиёз ба зинаи сеюм рафт ва Лубнон бо касби як имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь