Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” дастаи Непалро шикаст дод.

Дидори дастаҳо 28 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, футболбозони мо ба дарвозаи Непал 6 голи беҷавоб заданд.

Голҳои задаи Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷона Солеҳов, Рустам Соиров, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Ваҳдата Ханонов ва Эмомалӣ Аҳмадхон ба мунтахабон иқбол оварданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” тими Эрон бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Акнун дар даври ҷамъбастии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” 31 октябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони эрониашон вомехуранд. Барои баромадан ба марҳилаи финалӣ ба мунтахаби мо ҳисоби мусовӣ басанда аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь