Расонаҳои арабӣ рӯзи сешанбе гузориш доданд, ки як мушаки нерӯҳои ҳавоии Исроил ба бемористон дар навори Ғазза бархӯрдааст. Нерӯҳои дифои Исроил гуфтанд, ки ин инфиҷор натиҷаи партоби нокоми мушак аз анклави Фаластин аст ва масъулияти онро Ҷиҳоди исломӣ бар дӯш дорад.

Ал-Ҷазира бо истинод ба вазорати тандурустии Фаластин менависад, дар натиҷаи ҳамлаи исроилӣ ба бемористон дар навори Ғазза дастикам 500 нафар кушта шуданд. Аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, қайд мекунад шабакаи телевизионӣ. Ал-Арабия хабар медиҳад, ки шумори кушташудагон ва захмиён ба 800 нафар расидааст.

Нерӯҳои дифои Исроил гуфтанд, ки САХАЛ бемористонҳоро ҳадаф қарор намедиҳад. “Тамоми ҷаҳон бояд бидонад: ҳамла ба бемористони Ғазза на аз ҷониби САХАЛ, балки аз ҷониби террористони ваҳшӣ дар Ғазза анҷом дода шудааст. Ҳар кӣ фарзандони моро бераҳмона мекушад, фарзандони худро низ мекушад”, навиштааст Бинёмин Нетаняҳу.

Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар ин кишвар мотами серӯза эълон кард. Мақомоти Урдун мулоқоти рӯзи чаҳоршанбе дар Аммон бо раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Миср ва Ташкилоти миллии Фаластинро лағв карданд.

Маҳмуд ал-Ҳамуд, раиси ин созмон, ба хабарнигорон гуфт, ки гуруҳе аз кишварҳои арабӣ аз СММ хостанд, масъулони ҳамла ба бемористон дар навори Ғазза ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар тамоми ҷаҳон мавҷи маҳкум кардани ин кирдори ваҳшиёна, ки бар хилофи тамоми қоидаҳои ҷанг ба амал омад, баланд шудааст. Вазири беҳдошти Фаластин Мэй Кайле аз СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва башардӯстона ва тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки мардуми Фаластинро аз сиёсати наслкушӣ, ки мақомоти Исроил алайҳи онҳо пеш мебаранд, наҷот диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь