Ронандаи мошини «Хонда» идораи мошинро аз даст додааст, ки дар натиҷа мошин чаппа шуда боиси марги як нафар гардидааст.

Акбар Шарифов, сардори маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, ба хабаргузории SN гуфтааст, садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Сомгор-Хуҷанд, дар ҳудуди Боғи миллии Ваҳдат, рӯзи 5-уми феврал, тахминан соати 01:40, рух додааст. Ронандаи мошини «Хонда» Дамирбек Олимов ҳангоми ҳаракат идораи нақлиётро аз даст додааст ва мошин чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама ронандаи мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири мошин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

– Тафтишот идома дорад ва сабабҳои ҳодиса омӯхта мешавад, – гуфтааст Акбар Шарифов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь