Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»,  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  пешниҳод намуд.

Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.

Гуфьа мешавад, ки ба лоиҳаи Қонун як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.

Минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад.

Ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки туи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ  тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.

Маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад. Гузаронидани маросими дафну азодорӣ, тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда мешавад. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.

Маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мегарданд.

Тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда мешавад.

Аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор  то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати  онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ  ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни болозикр маҳз ба хотири пешгирии вайронкунии он пешниҳод гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь