Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як зан духтари хурдсоли худро, ки соли тавалудаш 2022 аст, латукӯб кардааст. Ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокуниши зиёди корбаронро ба бор овард.
3-юми сентябри соли 2023 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане духтарчаи хурдсолро латукӯб мекунад, дар ин бора милитсияи Хатон хабар додааст. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Нурова Хоҳарвӣ Маҳмахолиқовна, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки духтари ноболиғаш Нурудинзодаи Закиябону, соли таваллудаш 2022-ро латукӯб кардааст, гуфтанд аз милитсияи Хатллон.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.