Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сохтмони корхонаи шифер ва қубурҳои азбестӣ бунёд мешавад, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз рафти сохтмони он дидан кард.
Корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Садриддинови ноҳияи Шаҳритус буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Бинои мазкур масоҳати умумии 0,60 га-ро ташкил менамояд. Фармоишгари корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ соҳибкори маҳаллӣ Сатторов Муҳаммад мебошад.
Иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 2 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, соли 2024 ба истифода дода мешавад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 сокини маҳаллӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Баъди ба истифода дода шудани иншооти мазкур аз 20 то 25 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд.