Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус аз ҳаққи истифодаи барқ беш аз 10 миллион сомонӣ ва аз андоз бештар аз  1 миллион сомонӣ  қарздор мебошад. Ҳамчунин, муштариёни об дар назди ин зерҳавза бештар аз 11 миллион сомонӣ қарзи обро доранд.

Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус Фаридун Давлатов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки зерҳавза ба ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав хизмат мерасонад, ки қарзи 26 ассотсиатсия дар назди Зерҳавза аз об зиёда аз 11 миллиону 39 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ӯ гуфт, аз ин қарз 4 миллиону 861 ҳазораш аз ноҳияи Қубодиён, 3 миллиону 867 ҳазор аз ноҳияи Шаҳритус ва 2 миллиону 310 ҳазораш аз ноҳияи Носири Хусрав мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Идораи оби ноҳияи Шаҳритус аз андоз 346 ҳазор ҳақдор мебошад, аммо, мутаассифона, қарзи андоз  дар ноҳияи Қубодиён наздики 1 миллион  сомонӣ ва дар ноҳияи Носири Хусрав бошад 12 ҳазор сомонӣ  аст.

Фаридун Давлатов афзуд, ки ноҳияи Шаҳритус аз барқ 5 миллиону 587 ҳазор сомонӣ, Қубодиён 4 миллион ва ноҳияи Носири Хусрав 900 ҳазор сомонӣ қарзор мебошанд.

Ин шахси масъул илова кард, ки агар муштариёни об саривақт маблағи ҳақи хизматрасонии обро  пардохт кунанд, идора низ бе мушкил қарзи андоз ва барқро месупорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь