Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як зани 51-соларо, ки худро фолбин муаррифӣ карда, ба мардумфиребӣ машғул буд, боздошт карданд.

Милитсияи Хатлон хабар медиҳад, ки кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус зимни як амалиёт муайян карданд, ки шаҳрванд Исимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи деҳаи Хокаки ҷамоати деҳоти Х.Холматови ҳамин ноҳия, дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст. Гулбаҳор  Исимова  ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшад.

Дар асл ӯ саводу дониши тиббӣ ва диннӣ надошта, маҳз ба хотири эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағи муфт ба ин корҳо машғул будааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Исимова Гулбаҳор барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон барои минбаъд ба ин амал машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь