Як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон поре аз ҷигарашро ба ҳамсараш додааст ва ҳоло ба нақли шавҳар саломатии ҳардуяшон хуб аст.  

Маркази милли илмии пайвадсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як навори видиоӣ хабар додааст, ки  Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини ноҳияи Шаҳритус, як қисми  ҷигарашро ба ҳамсараш Лола Эралиева додааст.

Тибқи иттилои ин марказ  ҷарроҳии пайванди ҷигари  шавҳар ба ҳамсар  дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда,  ҳолати беморон ҳоло хуб аст.

Шавҳаре, ки  қисме аз ҷигарашро ба ҳамсараш  додааст, дар ин  видио вазъи саломатии худ ва ҳамсарашро хуб арзёбӣ мекунад. Ӯ нақл мекунад, ки ҳамсарашро дӯст медорад ва мехоҳад болои сари фарзандонаш саломат бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь