Марде, ки беш аз 8 сол дар 30 ҳолат пулҳои муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қаллобӣ аз худ мекард, дар ноҳияи Шаҳритус дастгир шуд.

Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯйи оперативӣ аз ҷониби шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон як нафар ҷинояткории дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордошта, Ташанов Умед, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки пеш бо моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир шуд. Дар ин хусус  Офоқ Қодириён  иттилоъ дода, қайд кард, ки зимни пурсиш муайян шуд, Ташанов Умед бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони зиёд даромада, аз онҳо аз 3 ҳазор то 168 ҳазор сомониро бо роҳи қаллобӣ тасарруф кардааст. Ба онҳо ваъда додааст, ки шаҳрвандии Федератсия Русияро гирифта, маҳдудиятҳояшонро барои ворид шудан ба ин кишвар кушода, ба онҳо билет дарсрас мекунад, аммо маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиатҳои худ сарф кардааст.

– Ташанов Умед бо моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 30 ҳолати қаллобӣ гумонбар дониста шуда,  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз шаҳрвандоне, ки ба фиреби ин нафари ҷиноятпеша афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ба шуъбаҳои милитсия маҳалли зисташон муроҷиат кунанд, – изҳор дошт Офоқ Қодириён.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь