Дар ноҳияи Шаҳритус 75 ҳазору 380 нафар шомили гурӯҳи мақсаднок ҳастанд, ки аз онҳо 54 ҳазору 834 нафар вояи якум ва 38 ҳазору 236 нафар вояи дуюми воксанро гирифтаанд, ки вояи якум 73 дарсад ва вояи дуюм 54 дарсадро ташкил медиҳад.

Директори Маркази Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Мунира Муродова гуфт, ки ҳоло дар ноҳия 51 нуқтаи эмгузаронӣ ташкил шудааст.
Қайд гардид, ки сокинони Шаҳритус панҷ намуди воксан, аз ҷумла «Астра-Зенека», «Модерна», «Спудник Ви», «Синовак» ва «Пфайзер»-ро гирифтанд.
Ҳоло дар ноҳия 10 ҳазор вояи воксан захира карда шудааст ва бояд 20 ҳазор нафари дигар воксан бигиранд.
– Ҳама сокинони ноҳияи Шаҳритус бояд саривақт ба нуқтаҳои эмгузаронӣ ҳозир шуда, баҳри солимии худ воксан бигиранд, – илова кард ӯ.
Блоки рекламавӣ