Маркази матбуоти ВКД аз ҳодисаи нангине хабар дод, ки ҷомеаро ба такон овард. Дар ноҳияи Шаҳринав фарзанди нохалафе бо дастони худ модарашро буғӣ карда куштааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст. Ин нафар, рӯзи 28-уми майи соли 2021, тахминан соати 18:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модари худ даъво ва муноқиша карда, бо дастонаш ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. Модар 53 сол доштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Акси тавзеҳӣ аз интернет
Блоки рекламавӣ