Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура, ки чанде пеш масъулияти ин вазифаро бар уҳда гирифт, имрӯз, 8 феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ягон дороӣ надорад.
Ӯ дар идома қайд кард, 28 сол мешавад, ки ҳамчун хидматчии давлатӣ кор мекунад, ягон дороӣ надорад. “Ҳатто хонаи шахсӣ низ надорам”, – илова кард ӯ.
Бояд гуфт, ки ӯ то таъйин шудан ба мансаби раиси шаҳри Левакант, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд ва дар ин вазифа Бунафша Файзиддинзодаро иваз кард.
Блоки рекламавӣ