Рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ 60 нафар дар қабули раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода буданд ва дар бораи мушкилоти худ аз шаҳрдор кӯмак хостанд.  Ӯ ба масъулони ташкилоту идораҳо супориши қатъӣ дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ мушкили муроҷиаткунандагонро ҳал кунанд

Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки  дар қабули навбатии шаҳрвандон раиси шаҳри Кӯлоб арзу матлаби зиёда аз 60 сокини шаҳру деҳоти Кӯлобро шунида,  ҷиҳати ҳаллу фасли масоили рӯзмараи шаҳрвандон ба масъулони соҳаҳои марбута супоришҳои мушаххас дод.

Бояд қайд кард, ки  сокинони шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе барои ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни рӯзмара ба раиси шаҳр муроҷиат мекунанд.

Зимни қабули шаҳрвандон маълум гардид,  ки аксарияти сокинон оид ба масъалаҳои  расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмини оби нушокӣ, ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмиру тармими роҳҳо  ва амсоли инҳо ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат мекунанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб  Назарзода Бахтиёр пас аз шунидани муроҷиати сокинон ба масъулини сохторҳои шаҳрӣ дастур дод, ки ба масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинон эътибори ҷиддӣ диҳанд ва дар кутоҳтарин муҳлат мушкили онҳоро бартараф намоянд. Инчунин, дар дар қабули навбатӣ ба як нафар сокини шаҳри Кӯлоб аз ҷамоати деҳоти Зиракӣ 1 адад аробачаи маъюбӣ расонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь