Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон аз вазифа барканор гардидаанд. Дар назар аст, ки раисони нав дар ин шаҳру ноҳия пас аз нисфирӯзи муаррифӣ гарданд.

Шаҳрдори маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло аз вазифа барканор шуд.​ Ӯ ҳоло ба кадом мансаб таъйин шудааст, маълум нест ва ба ҷойи ӯ кӣ курсии раиси шаҳро соҳиб шудааст, номаълум аст.

Баротзода Файзулло моҳи январи соли гузашта раиси шаҳри Бохтар таъйин гардида буд. Ӯ то таъйин шудан ба ин вазифа раиси ноҳияи Лахшро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамаша бо намояндагони ВАО ҳамкории зич дошт ва ӯро раиси мардумӣ мегуфтанд.

Ҳамчунин, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барканор шуда, ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ таъйин шудааст.

Ӯ ба мансаби раиси ноҳияи мазкур беш аз як сол пеш таъйин шуда буд. Як манбаъ аз ноҳияи хабар дод, ки муаррифии раиси нав баъд аз зуҳр дар мақомоти маҳаллӣ баргузор мегардад.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус, низ аз вазифа барканор шуда, ба ҷойи ӯ Абдулозода Тағой муовини раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шудааст. Дар ин бора аз як манбаъ аз ноҳияи мазкур хабар дод. Ба гуфти манбаъ, ҳоло маълум нест Ҷаббори Ғаффор ба кадом вазифа таъин гардидааст. Ӯ солҳои зиёд раиси ноҳияи Хуросон, Кушониён ва ахиран раиси ноҳияи Шаҳритус буду дар ин мансаб 5 сол адои вазифа кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь