Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки фардо ба маркази маъмурии вилояти Хатлон 13 нақлиёти ҷамъиятии автобус ворид карда мешавад.

– Айни замон роҳбари  ин лоиҳа Тоҷидин Сафаров дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Паго,ҳ  5 авгусут, аз 39 автобусе, ки бояд ба шаҳри Бохтар ворид шаванд,  13 ададаш ворид карда шуда, ҳаракатро дар роҳҳо аз моҳи сентябр оғоз мекунанд, – гуфт раиси шаҳр.

Ба иттилои ӯ, айни замон ҷойи нигоҳдори автобсуҳо тармим шуда, дар биноҳояшон таъмир рафта истода,  то оғози моҳи сентябр корҳо пурра ба анҷом расида, автобусҳо корро дар шаҳр оғоз хоҳанд кард.

– Мо нақша дорем, автобусҳо 10 рӯзи аввалро бепул ба мардум хизмат кунанд,  то онҳо одат кунанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ кортҳо роҳандозӣ шуда, хизматрасонӣ  ғайринақдӣ мешавад ва барои маъюбону камбизоатон сабукиҳо оварда хоҳанд шуд, – илова кард шаҳрдори Бохтар.

Маблағи умумии лоиҳа 9,2 миллион доллар, аз тарафи бонки аврупоии “Таҷдид ва рушд” маблағгузорӣ карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь