Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, шаби Соли нав бе барф мегузарад.

То 27-уми декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва баъзан боришоти начандон назаррас пешгӯйӣ мешавад, хабар медиҳад ОИ “АП” дар такя ба маълумоти муовини директори Агентии обуҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева. Тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносон, шаби Соли нави мелодии 2022 дар Тоҷикистон бориш дар назар дошта нашудааст.

“Тибқи маълумоти пешакии мо, аз 28 то 31 декабр боришот дар назар нест. Ин рӯзҳо ҳаво собу офтобӣ хоҳад буд”, – иброз доштааст Байдуллоева.

Байдуллоева таъкид доштааст, ки дар робита ба ҳавои софу офтобӣ дар Душанбе, шаби 31 декабр ҳаво аз 2 то 4 хунук ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.

Соли гузашта низ тоҷикистониён Соли навро бе барф пешвоз гирифтанд, аммо дамои ҳаво хеле сард буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь