Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Точикистон ва рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинӣ «Шабе дар осорхона» унвон шуд ва дар он карнайнавозон ва ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҳунарҳои дастии мардумӣ зери унвони «Ҷилваи ҳунар», ҳамчунин, либосҳо ва асбобҳои миллии кишварҳои Русия, Туркманистон ва Озорбойҷон аз ҷониби сафоратҳояшон бо унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» ба намоиш гузошта шуданд.

Дар озмуни «Нигоҳи ман» муаллифи акси беҳтарин муайян карда шуда,  намоиши филми «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ», кашфиёти техникӣ ва, инчунин, шоу-маҳфили «Шабе дар осорхона» аз ҷониби МДК «Мадагаскар» барои кӯдакон баргузор гардид. Барномаи дилхушӣ барои ҷавонон ва баромади устодони санъат дар қисмати охири чорабинӣ табъи меҳмонон ва сокинонро болида кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь