Омодагӣ ба зимистон дар Шабакаҳои барқи маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, ки  23 ҳазору 697 муштарии маишӣ дорад 72 дарсадро ташкил медиҳад.

Роҳбари ниҳоди мазкур Илҳом Шарифзода  иттилоъ дод, омодагӣ ба зимистон аз 12 банд иборат мебошад, ки 6 банди он пурра иҷро шуд,а дар 6 банди дигар кор идома дорад.

– Тибқи нақша бояд Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар то якуми октябри соли ҷорӣ пурра ба фасли зимистон омода шавад, – илова кард номбурда.

Ӯ қайд кард, дар ин давра ду трансформатори нав насб карда шуд, ки ин барои таъмини муштариён бо барқи босифат мусоидат хоҳад кард.

– Ҳоло вазъи ҳаво мӯътадил шудаст, рӯзона  гоҳ-гоҳ барқ ба хотири тоза кардани дарахтон, ки ба болои онҳо симҳои барқ мегузаранд, ҳамчунин, барои иваз кардани хатҳои фарсудаи интиқоли барқ ва дигар корҳо хомӯш карда мешавад,- қайд кард Илҳом Шарифзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь