Кормандони Маркази санитариву эпидимиологии ноҳияи Шаҳритус дар 8 моҳи соли равон 230 кг маҳсулоти пастифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд, ки маблағи он 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Директори Маркази санитариву эпидимиологии ноҳияи Шаҳритус Ҷӯрабой Саидов гуфт, ки барои аз муомилот гирифтани маҳсулоти пастифату қалбакӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта санҷишҳо гузаронида шуданд. “136 нафар соҳибкор барои риоя накардани ҳолати санитарӣ  ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин, фаъолияти 7 ошхонаро муваққатан қатъ кардем, зеро ин ошхонаҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд”,-  афзуд ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ гуфт, дар 8 моҳи соли равон аз тарфи кормандони марказ 463 нуқтаи фурӯш аз санҷиш гузаронида шуда, 230 кг маҳсулоти пастифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта ошкор ва  аз муомилот гирифта шуданд, ки маблағи онҳо 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, Ҷӯрабой Саидов илова намуд, ки ин ҳама заҳматҳои кормандони марказ баҳри солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои хатарнок миёни аҳолӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь