Имрӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел омада ба хонаҳо, иншооти ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳия зарар расонд.

Исмонзода Умед,  роҳбари ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Панҷ, хабар дод, шаби гузашта дар деҳаҳои Селга ва пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳия баъди боридани борони пуршиддат сел омад. Ба гуфти ӯ, аз ин офати табиӣ ба таҳхонаи манзилҳои зисти сокинони ноҳия лой даромада аст. Ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигии сокинон зарар дидаанд.

Барои муайян кардан зарари сел ҳоло комиссияи ҳолатҳои фавқулода бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исозода дар ноҳияи Панҷ қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь