Дастаи яккачини футболи Тоҷикистон бо мунтахаби Кувайт рақобати дӯстона анҷом медиҳад. Бозӣ дар Кувайт, имшаб, баргузор мешавад. (соати 00:00, ба вақти Душанбе). Ин дуюмин бозии футболбозони тоҷик дар ҳафтаи охир аст. Қаблан, Тоҷикистон бо АМА мусовӣ намуд. Бозии мазкур 25 март дар шаҳри Абузабӣ доир шуда, бидуни гол ба анҷом расид.

Петр Сегрт, сармураббии дастаи яккачини Тоҷикистон, пеш аз рақобат бо мунтахаби Кувайт гуфтааст, ки бозиҳои санҷишӣ барои футболбозони мо марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё мебошад:

– Бозии дӯстона бо АМА ва Кувайт яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё  аст. Футболбозон тадриҷан ба ин мусобиқа омодагӣ мебинанд. Мунтахаби Кувайт қавӣ аст, вале мо кӯшиш мекунем, то бозии арзанда нишон диҳем.

Парвиз Умарбоев, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, низ мунтахаби Кувайтро қавӣ хонда, чунин қайд намудааст:

– Мо дар рақобат бо тими Кувайт омодаем. Рақиб қавӣ аст, бинобар ин бозӣ осон нахоҳад шуд, вале мо ба ин бозӣ омодаем. Давоми 7 вохӯрии гузашта мағлуб нашудани мо, хизмати бачаҳо ва тамоми ҳайати мураббиён аст. Бо омадани мураббиёни нав дар даста фазои дӯстона ва якдилӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳама бачаҳо кӯшиш доранд, ки бо тими миллӣ ба натиҷаи хуб ноил шаванд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Кувайт як маротиба бозии дӯстона баргузор намудааст. Ин рақобат соли 2004 дар Кувайт доир шуда, бо натиҷаи 3-0 бар суди мизбонон анҷом ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ба вазифаи сармураббии дастаи яккачини футболи Тоҷикистон омадани Пётр Сергт, мутахассиси хорватӣ, даста 10 бозӣ гузаронида, ба панҷ пирӯзӣ даст ёфтааст. Ду бозӣ бо бохт ва се рақобат бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расидааст.

Чунин натиҷаро баъзе мутахассисони футболи тоҷик хуб медонанд, вале баъзеҳо аз бозии футболбозони тоҷик қаноатманд нестанд.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь