Дирӯз расонаҳои русӣ хабар доданд, ки Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ) дар Русия аз ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар пешгирӣ карда, чор нафарро боздошт кардаанд, ки се нафари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Гуфта мешуд, ки ин гурӯҳро як шаҳрванди Русия роҳбарӣ мекунад, ки дар ҳайаташ шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳастанд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки акти террористиро роҳбарон ва эмиссарҳои созмони террористии  “Давлати исломӣ”, дар шахси Назаров Т.М. ва Ширинҷонов А.М. – роҳбари мактаби таркандаҳои ДИИШ, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, амалӣ карданӣ буданд.

Суди Лефертови Маскав се нафар гумонбарро барои омодагӣ ба акти террористӣ ба ҳабс гирифтааст. ТАСС хабар медиҳад, ки Сиёвуш Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то рӯзи 11-уми октябр дар боздоштгоҳ мемонанд. Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳи худ иқрор шудаанд, аммо Ҳоҷиев айбро ба гардан нагирифтааст, менависад Лента.ру.

Ин ҳар се нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, маълум кардааст Интерфакс дар истинод ба маълумоти судӣ. Маълумот дар бораи ба ҳабс гирифта шудани нафари чорум нест, аммо гуфта мешавад, ки ӯ шаҳрванди Русия аст, зеро дирӯз дар хабар аз 1 шаҳрванди Русия ва 3 шаҳрванди Осиёи Марказӣ ёд мешуд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь