Се дузд бо мақсади дуздӣ аз маркази кишвар ба ҷануб сафар карда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ даромада, хазиначиро латукӯб карда, ошкоро пули хазинаро, ки 1800 сомонӣ будааст, гирифтаанд.

Нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл», воқеъ дар кӯчаи Фатҳулло Ахмедови ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтааст. 20-уми октябр, тахминан соати 04:45, «омаданд, заданд, бурданд», гуфтааст хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Абдусамад Ҷураев дар тафтиши ин ҳодиса.

Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гурӯҳи сафарбашудаи оперативӣ аз ҳисоби кормандони ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо гузашти як ҳафта аз рӯзи ҳодиса изи афроди дар ҷиноят гумонбарро пайдо кардранд. Шаҳрвандон Маъруфов Аҳмад Маъруфович, соли таваллудаш 1996, Саидов Мустақим Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Мирзоев Самандар Рамазонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар ҷинояти мазкур ба ҳайси гумонбаршуда, дастгир карда шуданд.

Ба маълумоти тафтишоти пешакӣ дастгиршудаҳо дар ҷинояткорӣ навкор набуда, Аҳмад Маъруфов соли ҷорӣ барои дуздӣ суд шудааст. Ҳаммаслакони ӯ Мустақим Саидов ва Самандар Мирзоев дар Федератсияи Русия бо ҷурми роҳзанӣ ва ғоратгарӣ суд шудаанд. Ҳадафи ба даст овардани пули муфт ва аз ин ҳисоб машғул шудан ба айшу ишрат ва сайругашт онҳоро ба вилояти Суғд овардааст. Онҳо гумон доштаанд, ки нақшаашонро амалӣ сохта, амалу рафтори ғайриқонуниро идома медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь