Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба самбо, ки дар шаҳри Тонхэи Кореяи Ҷанубӣ идома дорад, се медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналхалқии самбо – Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналхалқии самбо) Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов намояндагӣ карданд.

Разавӣ Навбаҳоров дар вазни 57 кг дар натиҷаи қуръакашӣ аз даври дуюм мусобиқро оғоз кард ва бо варзишгари Қазоқистон Каирбердӣ Ойдинбоев мубориза бурд. Дар ин набард ӯ ғолиб омада, ба финал баромад. Дар финал паҳлавони Муғулистон Боярсайхон Мунхбатарро мағлуб кард ва соҳиби ҷойи якуму медали тилло шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Шаҳром Шералов дар вазни 68 кг низ аз даври дуюм ба мусобиқа шурӯъ кард. Баъди ғалаба бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсук Ҷунгӣ ба финал баромад.  Дар ин марҳила ӯ аз дасти паҳлавони Русия Николай Ковтун шикаст хӯрд. Ба ӯ ҷойи дуюм ва медали нуқра расид.

Паҳлавони сеюми тоҷик Алиҷон Ҳусайнов низ дар вазни 68 кг баромад кард ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар ин мусобиқа дар Қореяи Ҷанубӣ 120 паҳлавон аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Русия, Тайван, Узбекистон, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Ҷопон ширкат карданд.

Ба ғолибони Ҷоми президенти FIAS 500 доллар, ҷойи дуюм 300 ва ҷойи сеюм 100 доллар ҷоиза тақдим карда мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар намуди самбои варзишӣ ширкати худро идома хоҳанд дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь