Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дучарха барои адои маросими ҳаҷ раҳсипор гардида буданд, ба зиёрати макони муқаддаси ислом шарафёб гардиданд.
Онҳо зиёда аз ду ҳафта дар Дубай қарор дошта, аз ноумедӣ барои баргаштан ба хона билетҳои ҳавопаймо ҳам харида буданд.
Се дучархасавори тоҷик ба Азия-Плюс гуфтаанд, ба хатсайри ҳавоии Дубай-Тошканд билет гирифта, барои ба хона рафтан омодагӣ доштанд. “Лекин дӯсти маҳаллии мо бо номи Халифа Алӣ, ки дар хонааш иқомат доштем, хоҳиш намуд, ки билетҳоямонро супорида, боз каме дар ҳамин ҷо монем”.
– Розӣ шудем, ҳарчанд барои барградонидани билетҳо 70 доллар ҷарима пардохт кардан лозим омад. Рӯзи дигар аз Арабистони Саудӣ ба мо занг зада, дархост намуданд, ки барои анҷоми расмиёти тайёр кардани раводид (виза) маълумотамонро пешниҳод намоем, – хабар медиҳад яке аз зойирин Диловар Ғафуров.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, онҳоро огоҳ кардаанд, ки давоми роҳро бо мошин тай кардан лозим меояд, то ки аз оғози адои маросими ҳаҷ дер намонанд.
Диловар мегӯяд, дучархаҳоро ба мошин бор карда аз Абу-Даби ба роҳ мебароянд ва бо тай кардани 500 км ба сарҳади Арабистони Саудӣ мерасанд. Дар он ҷо ба мошини дигар нишаста, то Эр-Риёз ва сипас то шаҳри Эт-Таиф мерасанд. 100 км роҳи боқимондаро зойирин бо дучарха тай мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки се нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Диловар Ғафурови 37-сола, Саидалӣ Назарови 31-сола ва Абдушокир Талабови 34-сола барои адои маросими ҳаҷ бо дучарха ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Онҳо ба ин сафар аз аввали сол омодагӣ гирифта, аввали моҳи май пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ба роҳ баромаданд.
Ба тоҷикистониёне, ки то Дубай расида, дар роҳ ба сӯи макони муқаддаси ислом дар муддати 33 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай карданд, додани раводид (виза) ба Арабистони Саудиро рад карданд. Ба онҳо тавсия доданд, ки ҷиҳати дастрас кардани раводид ба мақомоти марбутаи кишварашон (Тоҷикистон) муроҷиат намоянд.
“Албатта, мо ба муъҷиза умедвор будем, лекин то охир бовар надоштем, ки орзуямон ҷомаи амал мепӯшад”, – иброз дошт Диловар.