Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чанд даъво бо корду табар ба қайд гирифта шудаанд, ки боиси марги як нафар ва ҷароҳат бардоштани ду тани дигар гаридаанд.

8-уми феврали соли 2018 ҷавони 25-солаи шаҳри Кӯлоб ҳангоми дар кӯчаи Сафарови ҳамин шаҳр қарор доштанаш, дар ҳолати мастӣ бо марди 26-солаи ҳамин шаҳр даъво карда, бо корд 2 маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар шаҳри Конибодом марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви ҳамин шаҳр 7-уми феврали соли равон, дар бошишгоҳи саҳроии “Солиҷон”, воқеъ дар деҳаи Ниёзбек дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 28-солаи ҷамоати деҳоти Шарифов, даъво ва бо табар ба аъзои бадани ӯ задааст. Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ду марди 46 ва 45-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, 8-уми феврали соли 2018 дар манзили истиқоматии дуюмӣ, ки бо корҳои сохтмонӣ машғул буданд, ҳангоми хӯроки шом, баъди истеъмол нӯшокии спиртӣ муноқиша кардаанд. Марди 45-сола бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи марди 46-сола задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь