Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ талаб дорад, ки натиҷаҳои раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистони ин кишвар бекор карда шавад. Раъйпурсӣ рӯзи якшанбе баргузор шуд.

“Ин раъйпурсӣ бояд бекор карда шавад ва дар доираи Конститутсия гуфтугӯ баргузор гардад. Мо ҳеҷ гоҳ дар мавриди натиҷаҳои раъйпурсии мазкур гуфтугӯ нахоҳем кард. Мо қонунгузории Ироқро дар тамоми минтақаҳои Курдистон амалӣ мекунем”, – гуфтааст Ибодӣ.

Бино бар иттилои мақомоти раъйпурсии вилояти худмухтори Курдистони Ироқ, дар раъйпурсии рӯзи 25 сентябр ба ҷонибдорӣ аз истиқлолият 92,7 дарсади сокинон овоз додаанд.

Дар ҳамин ҳол, парламент ба Ҳайдар ал-Ибодӣ пешниҳод кардааст, ба ноҳияи Киркук, ки феълан дар ихтиёри курдҳост, артиш фиристад ва кони нафтро зери назорат бигирад. “Ҳукумат бояд назорати кони нафти Киркукро дар ихтиёр бигирад”, – омадааст дар қатъномаи парламент.

Ноҳияи Киркук, ки онҷо ақалиятҳои гуногун истиқомат доранд, аз сӯи нерӯҳои шӯришгари курд идора мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь