Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт сармураббии нави дастаи мунтахаб таъйин гардид. 

Имрӯз, 27-уми январ, дар меҳмонхонаи “Ҳайёт Реҷенсӣ”-и пойтахт ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо баррасӣ шуданд. Яке аз масъалаҳои муҳим тасдиқи сармураббии нави дастаи мунтахаби футболи кишвар буд.

Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, ки иҷозатномаи мураббигии ”Pro”-и UEFA-ро дорад, сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамакнун ӯ тими миллии кишварро ба бозиҳои интихобии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023, ки қарор аст аз 8-ум то 14-уми июн дар шакли мутамарказ доир шавад, омода мекунад.

Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар кишвари Хорватия зода шудааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскоронаи Олмон бозӣ карда, фаъолияти мураббигии худро ҳам дар ҳамон дастаҳо оғоз кардааст.

Петр Сегрт собиқаи кории тӯлоние дошта, дар дастаҳои Олмону Австрия, Гурҷистону Индонезия ва Афғонистону Молдив фаъолияти корӣ доштааст.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь