Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Миянмар, ки мутахассиси эронист, бо нишони эътироз ба хушунату куштори мусулмонон дар ин кишвар, хостори қатъи қарордодаш бо федератсияи футболи Миянмар шуд.
Сармураббии собиқи дастаҳои Ал-Аҳлӣ, Ал-Арабии Қатар, Ирами Киш, Персополис Ризо Курдӣ чор моҳ пеш сармураббии дастаҳои мунтахаби футзали Миянмар дар ҳамаи синну сол шуда буд. Ӯ, ҳамчунин, мудири фаннии дастаҳои дараҷаи футболи ин кишвар буд, аммо акнун аз мақоми худ истеъфо дод.
Ин сармураббии эронӣ бояд, имрӯз, ҷумъа, ба Қатар мерафт ва аз ин кишвар ба Миянмар сафар мекард, аммо ӯ бо ирсоли паёме ба дабири кулли федератсияи ин кишвар эълон кардааст, дар эътироз ба хушунат ва куштори мусулмонон дар Миянмар аз ин сафар худдорӣ мекунад.
Блоки рекламавӣ