Сармуҳаррири радиои “Дунё Fm”-и шаҳри Истаравшан Маҳина Атоева, ки чанде пеш аз болои муассис ва роҳбарияти радиои мазкур ба суди ин шаҳр шикоят бурда буд, бо роҳбарияти радио ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора худи рӯзноманигор Маҳина Атоева иттилоъ дод.
Атоева афзуд, аризаашро аз додгоҳ бозпас гирифтааст ва бо муассиси радиои “Дунё Fm” Назир Турсунов ба мувофиқа расидаанд. «Ваъда карданд, ки ба вазифаи пешинаам барқарор ва маошамро медиҳанд», – гуфт Маҳина Атоева.
Ёдовар мешавем, ки сармуҳаррири радиои “Дунё Fm”-и шаҳри Истаравшан Маҳина Атоева барои поймол шудни ҳуқуқҳояш аз ҷониби муассиси радио, соҳибкори истаравшанӣ Назир Турсунов ба суди шаҳри Истравшан шикоят бурда буд.
Хуршед Фозилов
Блоки рекламавӣ