Прокуратураи Хатлон сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Шодӣ Мусоевро барои риоя накардани забони давлатӣ беш аз 1000 сомонӣ ҷарима кард.

Кормандони прокуратураи вилоят Мусозода Шодӣ, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро бо ҷурми риоя накардани меъёрҳои қонуни ҶТ дар бораи забони давлатӣ ба маблағи 1 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима карданд.

Зимни нишасти хабарии ин ниҳод Мӯсозода Шодӣ ба суоли хабарнигори “Фараж” дар атрофи ҷарима шудани ӯ посухи дақиқ надод ва гуфт, ҳоло ин маълумот дар дасти ӯ нест.

Аммо Ҷӯрабек Мирзохонов,  як масъули ин ниҳод, ки дар нишаст ҳузур дошт, гуфт, Мусозода Шодӣ, роҳбари Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ба хотири риоя накардани забони давлатӣ,  коргузорӣ ва бо забони русӣ будани муҳр ба маблағи 1 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь