Дар доираи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар мавзеъи мамнуъгоҳи он бинои нави Осорхонаи замонавии сеошёна бунёд мегардад.

9-уми  январ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин ҷо сафари корӣ кардааст.

Дар ин рӯз зимни боздид аз Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм аз ҷониби раиси вилояти Суғд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳри Панҷакент барои сохтмони пойдевори бинои Осорхонаи замонавии сеошёна дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Саразм санги асос гузошта шуд. Инчунин, дар доираи лоиҳаи корҳои сохтмонӣ бунёди меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ, деворпанҷараву дарвозаи мамнунгоҳ ва чанд бинои иловагии дигар низ дар назар аст.

Дар доираи сафари кории раиси вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ҳамзамон ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, ба сохтмони Беморхонаи нави марказии шаҳри Панҷакент ва биноҳои нави мактабҳои №47 ва №72, воқеъ дар шаҳраки Саразм санги асос гузошта шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь