Раиси КДАМ Саймумин Ятимов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири нақлиёти Тоҷикстон Азим Иброҳим бо сокинони ҷамоати Ворух вохӯрӣ баргузор намуданд ва ин вохӯриҳо бо дигар сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ низ дар назар аст.
Саймумин Ятимов раиси КДАМ дар суҳбати бидуни сабт ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадафи сафари онҳо шиносоӣ бо вазъи деҳаҳои наздисарҳадӣ ва мулоқот бо сокинон пас аз низоъҳои чандрӯза аст.
-Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Ҳоло мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад.- гуфт, раиси КДАМ ба хабарнигорон.
Ҳамчунин, Саймумин Ятимов изҳори умедворӣ кард, ки баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи гуфтугӯст ва роҳи ҳалли худро меёбад.

Бахтиёр Раҳматуллоев, хабарнигори махсуси “Фараж” , Ворух

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь