25-уми октябр Сафорати Туркия бахшида ба 100-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Туркия дар бинои Сафорат бо иштироки рӯзноманигорони расонаҳои гуногун нишасти матбуотӣ баргузор кард.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар сараввал дар бораи таърихи барқароршавии Истиқлолият дар Туркия нақл карда, баъдан дар бораи муносибатҳои ин ду кишвари дӯсту бародар изҳори назар кард: “Тоҷикистон ва Туркия кишвари дӯсту бародар мебошанд. Дипломатҳои хориҷӣ баъзан суол мекунанд, ки “бародар” гуфта чиро дар назар доред. Бародар гуфта онеро дар назар дорем, ки якдигарро муҳофизат мекунанд ва барои якдигар некӣ мехоҳанд. Ҳар кишвар бародар шуда наметавонад. Мо арзишҳои муштараки динӣ иҷтимоӣ ва фарҳангиро мубодила мекунем. Ман худро дар Тоҷикистон бегона ҳис намекунам ва шумо низ худро дар Туркия бегона ҳис нахоҳед кард”.
Ҳамчунин, қайд намуд, ки Туркия ҳамасола ба 50 донишҷӯ аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Туркия бурсия медиҳад. То имрӯз тақрибан 1000 донишҷӯи тоҷик донишгоҳҳои Туркияро хатм кардаанд. Дар умум, ҳар сол 1 миллион донишгоҳ ва 500 ҳазор кас омӯзишгоҳҳои касбию техникии Туркияро хатм мекунанд.
Сафир қайд кард, ки 26-уми октябр, соати 18:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 100-солагии Туркия бо иштироки 10 ҳунарманд аз Вазорати фарҳанг ва туризми Туркия консерт баргузор мегардад. 27-ум бошад, соати 18:30 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” ба ин муносибат зиёфати расмӣ доир мегардад.